• Home »
  • Баромадҳо »
  • Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ»: Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад
Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ»: Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад

Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ»: Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маҳфили навбатии «Маърифати Ватандӯстӣ» бо иштироки Субҳонзода Икром, Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
  Мавзӯи маҳфили навбатӣ, самти мактабу маориф ва ба илму дониш фаро гирифтани шаҳрвандон, ки зимни ироаи Паёми навбатии худ Асосогузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, дар бар гирифт.


  Муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники-милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич, зимни суханронии худ иброз дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу маорифро дар сиёсати давлатдории хеш дар мадди аввал қарор додааст. Чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид намудаанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.»
Ин аст, ки имрӯз барои ба илму дониш фаро гирифтани ҷавонон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.


  Зимни суханронии худ Субҳонзода Икром, Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки сол то сол бо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ соҳаи маорифи кишвар рушд намуда истодааст. Ҳамазмон, ҷиҳати рӯҳбаланд намудани наврасон ва эҳё намудани завқи илмомӯзии хонандагон як қатор озмунҳо бевосита аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шудаанд, ки имрӯз китобхониву донишандӯзӣ ба шуғли умумимиллӣ табдил ёфта истодааст.


  Чуноне аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.»
  Дар идомаи вохурӣ Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, вобаста ба роҳу усулҳои шавқманд намудани наврасон ба илму дониш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонону наврасон ва ба ин васила дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
  Сипас дар қисмати дигари маҳфил саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид миёни меҳмонон ва ширкаткунандагони маҳфил сурат гирифт.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin