• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти марди 53-сола барои шикастани шишаҳои 12-автомашина
Боздошти марди 53-сола барои шикастани шишаҳои 12-автомашина

Боздошти марди 53-сола барои шикастани шишаҳои 12-автомашина

  Дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он шикастани оинаҳои автомашинаи шаҳрвандон аз ҷониби як нафар мард инъикос ёфтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, муайн карда шуд, ки шахси дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Одинаев Кенҷахон Сайдамирович, санаи таваллудаш 30.06.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов мебошад.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар ҳолати мастӣ, санаи 15-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 01:00 шаб дар маҳаллаи Зарафшон оинаҳои 12 автомашинаи шаҳрвандонро зада шикастааст, ки бо ин амали барқасдона ба соҳибмулкони воситаҳои нақлиёт дар умум наздики 20 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

  Айни замон гумонбаршаванда Одинаев Кенҷахон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) санҷиши пешакӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin