• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти марде, ки ба дуздӣ гумонбар дониста мешавад
Боздошти марде, ки ба дуздӣ гумонбар дониста мешавад

Боздошти марде, ки ба дуздӣ гумонбар дониста мешавад

  Як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, бо нашри як чанд акс дар саҳифаи фейсбукии худ аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки нисбати марди дар аксҳо инъикосёфта чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда, ин мард дар дохили нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ ба дуздии маблағҳои шаҳрвандон машғул аст.
  Оид ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, марди дар аксҳо инъикосёфта, шаҳрванд Каримов Қиёмиддин Муҳаммадисоевич, санаи таваллудаш 27. 05.1974, сокини ноҳияи Хуросон дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.


  Айни замон, бо мақсади муайян намудани кирдорҳои ҷиноятии ӯ коркардҳои оперативӣ-санҷишӣ идома дорад.
  Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки агар аз ҷониби ин нафар мавриди дуздӣ қарор гирифтаанд, метавонанд ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin