Ба даст афтодани ғоратгар

Ба даст афтодани ғоратгар

  Зимни баргузор намудани чорабинҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандон милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 6-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозии ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш бо роҳи ошкоро аз дасти ҷавони 20-солаи сокини пойтахт 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Honor-9” ва “Huvawy-6”, ва 1-адад корти “Душанбе сити”-ро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Зарари расонидашуда 6 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
  Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin