Ба даст афтодани як нафар дузд

Ба даст афтодани як нафар дузд

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми феврали соли 2023, тахминан соати 16:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 2-адад гарданбанди оддӣ ва 1-ҷуфт гушвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Шаҳритуз бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ҳодисаҳ тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin