• Home »
  • Баромадҳо »
  • Таҳкими ҳамкории нозири минтақавӣ бо ҷомеа ва фаъолони маҳалла
Таҳкими ҳамкории нозири минтақавӣ бо ҷомеа ва фаъолони маҳалла

Таҳкими ҳамкории нозири минтақавӣ бо ҷомеа ва фаъолони маҳалла

  Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нақша-чорабиниҳо таъсис дода шуда, силсила мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро бо шаҳрвандон ва дар ин замина ҳисоботи нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ доир гардида истодааст.


  Аз ҷумла, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаи зич бо шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муқоти судманди нозирони минтақаҳои хизмати маъмурии №32 ва №28 бо сокинону фаъолони маҳаллаҳои Гулистон, Ховарон ва Бӯстон ташкил ва баргузор карда шуд.
  Дар рафти вохуриҳо кормандони милитсия аз нуқтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда, онро ба шаҳрвандон шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамзамон нозирони минтақавии милитсия оид ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар минтақаҳи хизматии худ ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуда, ба сокинони маҳаллаҳои худ ҳисобот доданд.


  Аз ҷумла, зимни мулоқот муовини сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур подполковники милитсия Мирзозода Анваршо, аз фаъолону аҳли ҷомеъа даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва пешгирии амалу кирдорҳои наматлуб ҳамеша бояд бо кормандони милитсия, махсусан нозирони минтақавӣ дар алоқаи зич бошанд, зеро танҳо дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлубро гирифт.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур аз ҷониби сардори шӯъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милитсия Раҳматуллозода Самариддин вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва тарғиби тарзи ҳаёти солиму эҳсоси Ватандӯстӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


  Дар охири ҷаласа ба хотири беҳтар гардидани фаъолияти нозирони минтақавӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин робитаи наздики шаҳрвандон бо милитсия як қатор сокинон суханронӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin