• Home »
  • ХАБАР »
  • Содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

Содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

  Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз карда шудааст, ки номбурда 7-уми апрели соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замин аз ҳудуди ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, аз ӯ 40 000 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи ҷавони 21-солаи сокини кӯчаи Навоии шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2022, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш сангпора (шебен) оварда медиҳад, аммо маблағро ба манфиати худ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
  Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin