• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкор гардидани дуздӣ тариқи ҳамёни электронӣ
Ошкор гардидани дуздӣ тариқи ҳамёни электронӣ

Ошкор гардидани дуздӣ тариқи ҳамёни электронӣ

  Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 8-уми октябри соли 2022, ҳангоми дар дохили мағозаи «Билол», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳамёни электронии «Душанбе Сити»-и марди 55-солаи сокини пойтахт ворид гардида, аз суратҳисоби номбурда 3 ҳазору 268 сомониро ба суратҳисоби ҳамёни электронии худаш интиқол додааст.
  Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
  Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 20-уми январи соли 2023, ҳангоми дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби ҷавонзани 23-солаи сокини пойтахт 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-13 Промакс», ки арзишаш 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin