Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» бо иштироки шоири ватансаро

Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» бо иштироки шоири ватансаро

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири ватансаро Давлат Сафар, сардори раёсати табъу нашри Вазорати Фарҳанг Раҳмон Мирализода ва собиқадорону ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе, маҳфили навбатии «Маърифати Ватандӯстӣ» баргузор гардид.


  Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, поковники милитсия Ҳабибов Сайфулло зикр намуд, ки ҳадаф аз ташкили маҳфили мазкур пеш аз ҳама шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон мебошад. Ба таъкиди номбурда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи маърифати ватандӯстии шаҳрвандон ва ба илму дониш фаро гирифтани наврасон аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкидҳои махсус намудаанд.


  Сипас, Давлат Сафар-муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати пешрафту мутараққӣ сохтани кишвар, ба илму дониш фаро гирифтани наврасон ва тарғиби ғояҳои милливу ватандорӣ суханронии пурмуҳтаво намуд.
  Чуноне дар ҷараёни маҳфил зикр гардид, воқеан Давлат Сафар шоири ширинкалому ватансаро буда, эҷодиёташ саршор аз тараннуми ҷасорату мардонагӣ, ватандориву меҳанпарастӣ, зебогиву муҳаббат ва арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти ниёгон буда, завқи ватандӯстии хонандаро дучанд мегардонад.
  Номбурда дар баробари нақли воқеаву қиссаҳои ҷолибу ибратомӯз, ҳамзамон бо қироъати порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти хеш, чорабиниро ба маҳфили ширу шакар табдил дода, завқу меҳри ватандориро дар дили ширкаткунандагон дучанд намуд.


  Дар идомаи маҳфил сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг-Раҳмон Мирализода, оид ба талошу заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонбозиву мардонагиҳо намудаанд, ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки ин сулҳу суботе, ки мо дорем орзӯи миллионҳо нафар дар саросари олам аст. Ҳамагон бояд ба қадри неъмати бебаҳои сулҳу субот бирасанд ва онро пойдор нигоҳ бидоранд, зеро сарчашмаи хушбахтиву шукуфоӣ ва тараққиёту пешравӣ маҳз ваҳдату оромист.


  Дар қисмати дигари маҳфил миёни ширкатдорону маърӯзачиён саволу ҷавоб сурат гирифта, таъкид гардид, ки барои дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия намудани наврасон бояд тамоми қишрҳои ҷомеа дар ҳамбастагӣ талош намоянд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin