Кирдорҳои қаллобӣ

Кирдорҳои қаллобӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2022, марди 42-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки арзишаш 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2021, дар назди хонаи истиқоматиаш марди 38-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри-6»-ро ба маблағи 35 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки баъди фурӯхтан маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро фурӯхта, аз ин маблағ 19 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 15 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
  Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми октябри соли 2022, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус GS»-ро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin