Боздошти гумонбари ҷинояти дуздӣ

Боздошти гумонбари ҷинояти дуздӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми январи соли 2023, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дари хонаи истиқоматиашро кушода, ба он ҷо даромада, 1-адад телевизор, 1-адад планшет, 1-адад ноутбук, 3-адад ангуштарин ва 2-адад ҳалқаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin