• Home »
  • ХАБАР »
  • Тафсилоти куштори зани 68-сола: гумонбари ҷиноят дастгир ва маблағҳои рабудашуда ёфта гирифта шуданд
Тафсилоти куштори зани 68-сола: гумонбари ҷиноят дастгир ва маблағҳои рабудашуда ёфта гирифта шуданд

Тафсилоти куштори зани 68-сола: гумонбари ҷиноят дастгир ва маблағҳои рабудашуда ёфта гирифта шуданд

  Санаи 28-уми сентябри соли ҷорӣ, ҷасади шаҳрванд Қулиева Саодат Эргашевна санаи таваллудаш 25.04.1954, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Ф.Ниёзии ноҳияи И.Сомонӣ, бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта шуд.
  Бо мақсади муайян ва дастгир намудани нафари гумонбар аз ҳисоби кормандони милитсия ва прокуратураи ноҳияи И.Сомонӣ гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд.
  Дар натиҷа, санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудни ин ҷинояти махсусан вазнин, шаҳрванд Кадзова Эмма Владимировна, санаи таваллудаш 03.02.1957, истиқоматкунандаи н.Сино кӯчаи Яккачинор дастгир карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 28-уми сентябр ҳангоми дар манзили истиқоматии ҷабрдида қарор доштан, аз сабаби нофаҳмиҳои молиявӣ байни гуморбаршаванда-Кадзова Эмма ва марҳум- Қулиева Саодат муноқиша ба амал омадааст. Дар натиҷа гумонбаршаванда Кадзова Эма дар ҳолати қаҳру ғазаб бо корди ошхонагӣ 19-маротиба ба узвҳои бадани марҳум-Қулиева Саодат зарба зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонида, 39-ҳазор доллари амрикоии ҷабрдидаро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

  Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ аз гумонбаршаванда ҳамчун далели шайъӣ 39-ҳазор доллари амрикоӣ ва аз ҷои ҳодиса олоти ҷиноят, як адад телефони мобилӣ ва корди ошхонагӣ ёфта гирифта шуд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Кадзова Эмма Владимировна тибқи талаботи моддаи 104 қисми 2 банди “е” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin