Рушди фаъолияти оперативӣ дар замони соҳибистиқлолӣ

Рушди фаъолияти оперативӣ дар замони соҳибистиқлолӣ

  Ҳамасола, 5-уми октябр ҳамчун рӯзи таъсисёбии воҳидҳои оперативӣ дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷашн гирифта мешавад. Агар ба таърихи таъсисёбии хадамоти оперативӣ назар намоем, дар ин сана ҷашн гирифтани он бесабаб нест. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, баъд аз таъсис ёфтани Комиссиариати халқии корҳои дохилии Шӯравӣ (10 ноябри соли 1917) барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бахусус мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 5 октябри соли 1918 Хадамоти кофтукови ҷиноятӣ созмон дода шудааст. Дар он замон ҳайати шахсии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати марказии маъмурии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ ҳамагӣ аз се нафар: сардор, гумошта ва котиб иборат буд.
  Бо гузашти солҳо, бо андухтани таҷрибаи корӣ ва сайқал додани малакаи касбӣ ҳайати кормандони ин Шуъба аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, пурқувват ва самаранокии фаъолияти оперативӣ низ хеле беҳтар гардида, самтҳои фаъолияти кофтукови ҷиноятӣ боз ҳам такмил ёфта, кормандони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ фаъолтар ва дар ошкор намудани ҷиноятҳои содиргардида ва дастгир намудани ҷинояткорон соҳибтаҷриба шудаанд.
  Бо ба даст овардани Истиқлол, зина ба зина тамоми бахшҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон тараққӣ намуда, дар ин баробар Вазорати корҳои дохилӣ низ ба як нерӯи қудратманду тавоно мубаддал гардидааст. Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Раёсату хадамот ва шуъбаҳои гуногун оид ба самтҳои муайяни фаъолият таъсис ёфта, ба таври шабонарӯзӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкору пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
  Яке аз бахшҳои калидӣ ва қадимтарини сохтори Вазорати корҳои дохилӣ, ки бевосита фаъолияти онҳо ба ошкор ва дастгиркунии ҷинояткорон равона гардидааст, ин воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Бахши кофтукови ҷиноятӣ низ дар замони соҳибистиқлолии кишвар тадриҷан инкишоф ёфта, имрӯз Раёсат ва Шуъбаҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти оперативӣ-хизматиро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондаанд.
  Нооромӣ ва муноқишаҳои дохилии кишвар дар солҳои 90-уми асри гузашта собит сохт, ки воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни муборизаҳои сиёсӣ дар сафи пеши даргириҳо қарор дошта, ба хотири ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ, муборизаи оштинопазир бурдан бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ки даст ба қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва ғоратгариву роҳзанӣ мезаданд, ҳаёти худро дар хатар гузоштаанд. Бисёре аз кормандони кофтукови ҷиноятӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститусионии кишвар ҷони худро қурбон намудаанд.
  Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии олимону донишмандони соҳа, махсусан Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сохторҳои оперативии мақомоти милитсия мукаммал гардида, бо қабули чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фаъолияти онҳо ба танзим дароварда шуда, кормандони оперативӣ дар доираи қонунгузорӣ аз ваколатҳои муайяне бархурдор гардиданд.
  Махсусан, баъди ба табъ расидани китобҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, фаъолияти кормандони оперативии тамоми сохторҳои марбута хеле сабук гардида, мушкилоту нофаҳмиҳои дар фаъолияти корӣ ҷойдошта бартараф карда шуданд.
  Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ қабул карда шуданд. Чуноне Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар китоби хеш таъкид намудаанд: «Ҷиҳати батанзимдарории қонунии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо аз соли 1993 сухан гуфтан мумкин аст. Зеро аввалин маротиба Қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз 28 декабри соли 1993 таҳти №923 қабул шуда буд. Аз ҳамин давра сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои оперативии ваколатдори мақомоти давлатӣ ошкоро амалӣ намудани ин намуди фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро мутобиқи Қонуни мазкур оғоз намуданд. То ин вақт, чи тавре, ки қайд карда будем, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт танҳо бо фармону дастурамалҳои махфӣ ба танзим дароварда мешуданд».
  Баъдан, бо назардошти талаботи замон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистион, махсусан муаллифии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» 23 майи соли 1998 таҳти № 651 ва маротибаи сеюм санаи 25 марти соли 2011 таҳти № 687 дар таҳрири нав қабуд карда шуд.
  Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ, факултети №6 дар асоси фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2017 бо мақсади тайёр кардани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон барои факултети мазкур бинои алоҳидаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 22 ноябри соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
  Қобили зикр аст, ки ҳамасола самтҳои гуногуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ густариш ёфта, бо қабули фармону дастурамалҳои дохилиидоравӣ дар ҳоли мукаммалшавӣ ва рушд қарор дорад. Таҷрибаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равшан нишон дод, ки ҳифзи шахсият, ҷамъият ва амнияти миллии давлат аз ҷинояткориҳои муташаккилона бе татбиқи фаъолонаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва бе истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ таъмин карда намешавад.
  Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳа ва омӯзиши раванди ошкорсозӣ ва дастгиркунии афроди ҷиноятпеша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки наздики 90% ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони сохторҳои оперативӣ, яъне бахши кофтукови ҷиноятӣ ошкор карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, нақши кормандони оперативии мақомоти милитсия, дар нигоҳ доштани суботу оромӣ ва сулҳу осоиштаҳолии шаҳрвандон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
  Бо тараққиёти илму техника ва пешрафти замон шаклу усул ва пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ тараққӣ ёфта, тадриҷан ба замони муосир мутобиқ гардидааст. Кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколатҳои қонунии худ метавонанд бо истифода аз барномаҳои махсус ва технологияҳои коммуникатсионӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣро ба роҳ монда, дар бораи нафарони шубҳаовар, афроди ҷиноятпешаю гурӯҳҳои харобкор ва вазъияти операвтивию криминогенӣ маъмулотҳои боэътимоду дақиқ ба даст оварда, волоияти қонун ва ҳифзи боэтимоди амнияту тартиботро таъмин намоянд.
  Гарчанде қаблан дастрас намудани маълумоти дорои аҳамияти оперативӣ душвор ва на чандон эътимоднок буданд, аммо технологияи муосир шароит фароҳам овардааст, то маълумотҳои оперативии санҷидашуда ва боэътимод ба даст оварда шуда, ҷиҳати пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятию ба ҷомеа хавфнок коркард ва мавриди истифодаи оперативӣ қарор дода шаванд.
  Тараққиёти босуръати илму техника ва донишҳои муосир ва тағйир ёфтани тарзу усулҳои ҷинояткорӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо менамояд, ки донишҳои муосири худро такмил дода, ҳамқадами замон бошанд.
  Бо назардошти омилҳои зикр гардида, ҳар як корманди оперативиро мебояд ҳамқадами замон буда, пайваста аз пайи такмилу густариши илму донишҳои худ бошанд. Зеро, бо чунин суръати тараққиёти ҷомеа ва электроникунонии тамоми намудҳои фаъолият дар ояндаи наздик содиршавии ҷиноятҳои маъмулӣ ниҳоят коҳиш ёфта, аксарияти ҷинояткорӣ бо истифода аз технологияи муосир содир мегарданд, ки танҳо мутахассисони сатҳи баланди донандагони технологияи муосир метавонанд бар зидди ин гуна ҷиноятҳо мубориза бурда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳимоя намоянд.
  Бо итминони комил метавон гуфт, ки кормандони оперативӣ, ки дар ҳама давраҳои таърихи гузашта вазифаи пуршараф ва пурмасъули худро иҷро намудаанд, минбаъд низ бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ мебароянд ва бар зидди ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ муборизаи беамон мебаранд.

Ғафурзода Аҳлиддин Ғафур,
муовини сардори РВКД дар ш. Душанбе,
подполковники милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin