Наҷоти ҷавондухтари ноболиғ

Наҷоти ҷавондухтари ноболиғ

  Санаи 7-уми октябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 14:00 дақиқа, ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари фаврӣ ворид ардид, ки як нафар ҷавондухтари ноболиғ мехоҳад худро аз ошёнаи 9-уми бинои истиқоматӣ ба поён партофта, даст ба худкушӣ занад. Кормандони мақомои милитсия ҷиҳати муайян намудани хабари расида дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардиданд.
  Дар натиҷа, аз ҷониби кормандони милитсия бо ёрии сокинони бинои истиқоматии мазкур ҷавондухтари ноболиғ наҷот дода шуд.
  Тибқи санҷишҳои пешакӣ сабабгори ин ҳодиса нофаҳмиҳои оилавӣ будааст. Айни замон номбурда сиҳату саломат буда, пизишкону равоншиносон бо ҷавондухтар ёрии тиббию равонӣ расонида истодаанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin