• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷамъбасти футболи хурд байни кормандони милитсия
Ҷамъбасти футболи хурд байни кормандони милитсия

Ҷамъбасти футболи хурд байни кормандони милитсия

  Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, обутоби ҷисмонӣ, ҷалби кормандони милитсия ба варзиш ва муайян намудани варзишгарони беҳтарину болаёқат бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати қушунҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд байни кормандони мақомоти милитсия гузаронида шуд.
  Мусобиқаҳои футболи хурд дар ҳайати 16-даста баргузор гардид, ки дастаи футболбозони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
  Воқеан машғул шудан ба варзиш кафили саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор рафта, баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ миёни кормандони милитсия боиси болидарӯҳию обутоби ҷисмонӣ ва чустучолокии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мегардад.


  Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи мазкур дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи якум, қушанҳои дохилӣ мақоми дуюм ва дастаи футболи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавқеи сеюмро ишғол намуданд, ки ғолибон бо Ҷом, Диплому ва медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
  Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе футболбозони милитсияи пойтахт бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.


  Тавре зимни чорабинии тантанавӣ ва супоридани мукофотҳо аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иброз гардид, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ – баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, тарбияи ҷисмонию такмили маҳорати варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin