• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: Садои таркишмонанд истифодаи оташфаввора (салют) аст!
Вокуниш: Садои таркишмонанд истифодаи оташфаввора (салют) аст!

Вокуниш: Садои таркишмонанд истифодаи оташфаввора (салют) аст!

  Шаби 27 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 21:45-21:50 дақиқа дар шабкаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гуфта мешавад дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе садои баланди таркишмонанд шунида шудааст.
  Бо мақсади санҷиш ва муайян намудани хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, гуруҳи оперативӣ-тафтишотии милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, дар натиҷа муайян намуд, ки садои таркишмонанди рухдода истифодаи оташфаввора (салют) аз ҷониби 3 нафар ноболиғони 15-16 сола дар кӯчаи Б.Ғафуров, назди бинои истиқоматии 9-ошёнаи 33-Б будааст, ки боиси халалдор гардидани оромии шаҳрвандон гардидааст.
  Ҷиҳати ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани вайронкунандагони тартибот аз ҷониби кормандони милитсия санҷиш ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin