• Home »
  • ХАБАР »
  • Қатъи фаъолияти нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт дар заминаи муроҷиати шаҳрванд
Қатъи фаъолияти нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт дар заминаи муроҷиати шаҳрванд

Қатъи фаъолияти нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт дар заминаи муроҷиати шаҳрванд

  Як нафар сокини шаҳри Душанбе, истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як чанд акс дар саҳифаи фейсбукии худ аз мақомоти дахлдор хоҳиш намуд, ки нисбати соҳибмулки нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Роҳи нав чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда мизоҷони ин нуқтаи шустушӯ, воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагард гузошта, монеъи ҳаракати шаҳрвандон мегарданд. Ҳамзамон ҳангоми шустушӯи воситаҳои нақлиёт обҳои он ба атроф ва роҳгузарон пош хӯрда, боиси озори шаҳрвандон мегардад.


  Муроҷиати мазкур бе восита зери назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор гирифт.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кӯчаи Роҳи нав ҷойгир шудааст, ба шаҳрванд Ҳусейнов Юсуф Идрисович, соли таваллудаш 27.08.1973, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Гипрозем тааллуқ дорад.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (литсензия) фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳамзамон ваҷҳҳои дар муроҷиати шаҳрванд зикр гардида тасдиқи худро ёфтаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳусейнов Юсуф барои бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ фаъолият намудан тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд. Ҳамзамон фаъолияти нуқтаи шустушӯи мазкур боздошта шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin