Oшкорсозии 4-далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Oшкорсозии 4-далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт яке аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад. Гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардида бошад ҳам, вале ҳанӯз бархе аз ронандагон талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сарфи назар намуда, дар ҳолати сархушӣ пушти чамбарак нишаста, нақлиёти худро идора мекунанд.
  Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт пеш аз ҳама ба ҷони худи ронанда ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Вобаста ба ошкор ва пешгирии чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ кормандони мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
  Аз ҷумла, давоми чанд рӯзи охир аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт як чанд ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор карда шуд.

Чунончӣ ронандагони воситаҳои нақлиёти зерин:

Воҳидов Ҳусайн Холович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ниссан», рақами қайди давлатиаш 2022SM01;


Ғарибов Самандар Кабиршоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 1186АК03;

Оятулло Абдуназарӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда», рақами қайди давлатиаш 0044GH01;

Давлатов Шамшод Ашрафҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 0016LL01, ки дар ҳолати мастӣ нақлиёти худро идора мекарданд, аз ҷониби нозирони роҳ муайян карда шуда, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin