• Home »
  • ХАБАР »
  • Роҳнамоии кормандони ҷавон: Баъди хатми Академия 60 нафар дар милитсияи пойтахт ба кор таъмин гардиданд
Роҳнамоии кормандони ҷавон: Баъди хатми Академия 60 нафар дар милитсияи пойтахт ба кор таъмин гардиданд

Роҳнамоии кормандони ҷавон: Баъди хатми Академия 60 нафар дар милитсияи пойтахт ба кор таъмин гардиданд

  Дар бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини сардори Раёсат полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич, сардори ШК ва КҲШ РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Мирзозода Дилшод ва муовинони ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба ҳайати шахсӣ бо хатмкунандагони Академияи ВКД ҶТ, ки тоза ба фаъолияти корӣ дар мақомоти корҳои дохилии пойтахт оғоз намудаанд, баргузор гардид.


  Зимни вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт кормандони ҷавонро ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, волоияти қонун ва садоқату дустдории давлату миллати худ даъват намуда, таъкид гардид, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа вазифаи пуршарафу пурмасъулият буда, он ба дӯши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гаштааст. Вобаста ба ин аз ҳар як нафар корманди милитсия масъулият ва сатҳи баланди иҷрои ӯхдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад.


  Чуноне дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи донишманду соҳибтахассус гардонидани ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар ин самт як қатор барномаҳои давлатиро қабул намудааст. Махсусан бо мақсади ба кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, сиёсати кадрии ҷавонон шоистаи таҳсин буда, аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон дарак медиҳад.


  Дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксарияти кормандонро мутахассисони ҷавон ташкил дода, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи донишу ҷаҳонбинии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Воқеан ҳамасола ҷавонони зиёде аз рӯи ихтисосҳои гуногун Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дар вазифаҳои пуршарафу пурмасъул ба фаъолияти корӣ шуруъ мекунанд.


  Имсол дар асоси Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60-нафар хатмкунандагони Академияи ВКД ба вазифаҳои гуногуни пурмасъули милитсияи шаҳри Душанбе таъин гардида, ба фаъолияти корӣ оғоз намуданд.
  Дар хотима аз мутахассисони ҷавон хушмумилагӣ ва иҷрои сатҳи баланди фаъолияти хизматӣ талаб карда шуда, таъкид гардид, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбӣ ба омӯзишу такмили илму дониш машғул шаванд, зеро тамоми шароитҳои лозима имрӯз дар мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таъмин гардидааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin