Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

  Таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт, ки ба ҳаракати пиёдагардону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ халал расонида, боиси ба миён омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт мегардад, аяке аз қоидавайронкуниҳои дағалтарин ба шумор меравад. Махсусан таваққуфи баъзе аз ронандагон дар роҳи пиёдагард, ки бо сафолакҳои ороишӣ руйпуш гардидаанд ва назди биноҳои истиқоматӣ шаҳрвандонро ба ташвиш гузошта, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ нисбати чунин ронандагон ба мақомоти милитсия муроҷиат менамоянд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиши расми ирсол намудаи шаҳрвандон ду нафар ронанда барои таваққуфи нодуруст ҷаримабандӣ гардид.
  Чунонӣ, шаҳрванд Ҷалилов Аслидин Кобулиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», рақами қайди давлатиаш 0302GO01, нақлиёти худро дар роҳи пиёдагарди назди бинои истиқоматӣ бе назорат гузошта, монеи ҳаракати шаҳрвандон гардидааст.


  Ба ҳамин монанд, Шарипов Манучеҳр – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота» рақами қайди давлатиаш 1508МВ01, низ нақлиёти худро дар назди бинои истиқоматӣ, гулу буттаҳои ороиширо зер намуда бе назорат гузоштааст.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳар ду ронанда барои таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври ҷиддӣ огоҳонида шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin