• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «Корд»: мусодираи 39-адад кастет аз як фурушандаи бозори «Корвон»
Амалиёти «Корд»: мусодираи 39-адад кастет аз як фурушандаи бозори «Корвон»

Амалиёти «Корд»: мусодираи 39-адад кастет аз як фурушандаи бозори «Корвон»

  Дар доираи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсия, ин навбат фурӯшгоҳҳои бозори «Корвон» мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳабибов Фаррух Файзуллоевич, санаи таваллудаш 28.01.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи П.Сулаймонӣ, дар бозори «Корвон» ба фурӯши таҷҳизоти рӯзгор машғул гардида, ҳамзамон ба таври ғайриқонунӣ предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, яъне кастет низ мефурухтааст.
  Зимни азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур аз номбурда 39-адад кастет ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳабибов Фаррух тибқи талаботи моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.
  Инчунин шабонарӯзи гузашта аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як нафар ноболиғ, сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ки дар бозори «Деҳқон», вақеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба фурӯши корд машғул буд, боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Аз номбурда 6-адад корд дарёфту мусодира гардид.
  Қобили зикр аст, ки амалиёти шартии «Корд» бо мақсади пешгирии сар задани ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард роҳандозӣ гардида, то пурра решакан намудани ин омили номатлуб идома хоҳад ёфт.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin