Ваҳдати миллӣ – ҷавшани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – ҷавшани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Дар доираи гузаронидани чорабинии ҷашнӣ, бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби 25 нафар фарзандони кормандони милитсияи пойтахт ҳамчун рамзи солгарди ин ҷашни умумимиллӣ 25 кабӯтар ба фазо сар дода шуд.

Рӯзи 24-уми июн ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии ҷашнӣ доир гардид. Нахуст, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози зинда аз ҷониби ҳайати шахсӣ хонда шуд.

Сипас, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ҳозиринро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, таманно кард, ки: «Бигзор, доимо сулҳу субот ваҳдату якдилӣ ва фазои орому осоиштаҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз бошад!».

Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон вақт сар карда, мову шумо дар фазои сулҳу субот ва оромӣ кору фаъолият карда истодаем, – афзуд Б. Ҳамидзода.

Дар идома раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон ва номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров бо маърӯзаи пурмуҳтаво якчанд масъалаҳои ҳифзи стратегии Ваҳдати миллиро баён намуд.

– Тамоми нукоте, ки дар бораи ин ҷашн гуфта мешавад, хусусан, аҳамияти он дар як ҷумлаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтааст: «Ин ҷашн рамзи сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад», – гуфт ӯ.

Ба андешаи С. Сафаров, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарарзишанд, зеро Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҷавшани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Чандин корманди мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷони азизи хешро аз даст додаанд. Аз ин рӯ, имрӯзҳо ҳушёрии на танҳо милитсияи тоҷик, балки огоҳии ҳар як шаҳрванд лозим аст, ки бояд озодона дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи оромию суботи ҷамъият ҳиссагузор бошад.

Дар ин чорабинии тантанавӣ, ҳамзамон Раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе полковники мустаъфии милитсия Амирхон Ҷобиров, раиси Шӯрои собиқадорони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Изатулло Меликов, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе Давлат Ёров, раиси Шӯрои занони раёсати мазкур подполковники милитсия Муниза Баҳриддинзода ва муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Камолзода Муборакшоҳ баромад намуданд.

Дар охир филми «Пешво», ки доир ба заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масири расидан ба Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст, манзури ҳозирин гардонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin