Ободкорӣ мароми мост

Ободкорӣ мароми мост

  Чуноне ба ҳамагон маълум аст, дар асоси дастури супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо мақсади ободу зебо гардонидани Душанбешаҳр ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф шанбегиҳои дастаҷамъӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе низ дар баробари пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ҳамзамон дар корҳои ободонию тозакорӣ саҳми худро мегузоранд.


  Аз ҷумла дар доираи иқдоми навбатӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъӣ доир карда шуд.
  Кормандони милитсия дастаҷамъона назди биноҳои истиқоматии кӯчаи мазкурро аз алафҳои бегона тоза намуда, дар ободонии як гӯшаи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Чунин шанбегиҳои дастаҷамъӣ минбаъд низ аз ҷониби кормандони милитсия баргузор карда хоҳад шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin