• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории ҷаласаи навбатии шӯрои занони милитсияи пойтахт
Баргузории ҷаласаи навбатии шӯрои занони милитсияи пойтахт

Баргузории ҷаласаи навбатии шӯрои занони милитсияи пойтахт

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид, ки дар он муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич, раиси шӯрои занон, подполковники милитсия Баҳриддинзода Муниза ва ҳамаи кормандзанони милитсияи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Зимни мулоқот муовини сардори Раёсат нақши занонро дар пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини тартибот ва осоиштаҳолии шаҳрвандон баланд арзёбӣ намуд. Ба таъкиди номбурда баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, сол то сол шумораи занон, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад.
  Аз ҷумла, дар сафи мақомоти милитсия низ кормандзанон бо далериву ҷасурӣ мардонавор ба халқу ватан содиқона хизмат карда истодаанд. Чунончӣ номбурда таъкид намуд, дар милитсияи пойтахт дар вазифаҳои гуногун занон фаъолият намуда, дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ баҳри таъмини тартибот фаъолона ширкат менамоянд.


  Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳои марбут ба занон, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, пешниҳод ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти милитсия ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
  Зимни суханронӣ кормандзанони милитсияи шаҳри Душанбе бо боварии комил иброз намуданд, ки ба савганди худ содиқ монда, бо мақсади таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin