• Home »
  • ХАБАР »
  • Иштироки фаъолонаи кормандони милитсияи пойтахт дар шанбегии дастаҷамъӣ
Иштироки фаъолонаи кормандони милитсияи пойтахт дар шанбегии дастаҷамъӣ

Иштироки фаъолонаи кормандони милитсияи пойтахт дар шанбегии дастаҷамъӣ

  Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, Дашанбе воқеан ба шаҳри гулҳо табдил ёфтааст.


  Дар доираи иқдоми навбатӣ-ташкили шанбегии дастаҷамъӣ, ки ба хотири вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани Душанбешаҳр ва ба таври шоиста таҷлил намудани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар баробари дигар кормандони сохторҳои муаасисаҳои шаҳрӣ кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ ба шанбегӣ баромада, дар корҳои тамизкориву ободонии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ин тадбир бо мақсади тозаву озода намудани муҳити атроф ва гушаву канори пойтахт амалӣ гардид.


  Дар ҷараёни корҳои ободонӣ роҳбарият ва кормандони милитсияи пойтат ба таври фаъолони иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки чунин иқдом дар ҳафтаҳои оянда низ амалӣ гардида, кормандони милитсияи пойтахт ба иқдомҳои созанда ба таври дастаҷамъона иштирок менамоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin