• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: хабари боздошти 4-нозири минтақавӣ асоси воқеӣ надорад!!!

Вокуниш: хабари боздошти 4-нозири минтақавӣ асоси воқеӣ надорад!!!

  Санаи 1-уми майи соли ҷорӣ хабаргузории “Бомдод.ком” хабаре паҳн намуд, ки гӯё аз ҷониби «Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон якбора 4 нозири минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани пора» дастгир шуда бошанд, аммо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надошта, танҳо як нозири минтақавӣ барои суҳбат ба мақомоти мазкур даъват шудааст.
  Ҳамзамон ҳолати мавриди «облава» қарор гирифтани як нафар ҷавон ва барои раҳоии ӯ аз волидайнаш талаб намудани пора низ ҷой надорад.
  Нозирони минтақавии милитсияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор дошта, баҳри таъмини тартибот ва осоиштаҳолии шаҳрвандон дар минтақаҳои хизматии худ фаъолият намуда истодаанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin