• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон: Ошкору бартарафсозии як қатор қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ
Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон: Ошкору бартарафсозии як қатор қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон: Ошкору бартарафсозии як қатор қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ

  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва бартарафсозии тамоми намуди қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Дар ин радиф саҳми шаҳрвандон низ дар ошкору пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан бартарафсозии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ назаррас арзёбӣ мегардад. Ин аст, ки ҳангоми мушоҳидаи амалу кирдорҳои номатлуб худро бетараф нагирифта, ҷиҳати баррасӣ расм ва навори қонуншиканиро ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол менамоянд.
  Аз ҷумла, дар асоси расму навори ирсолнамудаи шаҳрвандон-истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, як чанд ронандаи воситаи нақлиёт, ки ба қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ даст задаанд, боздошт ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Аз ҷумла:
Шарифзода Саъдӣ Аслам – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 2010МN01, баромадан ба муқобили самти ҳаракат;


Ризоев Қаюмҷон Зайнуддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 4401АY01, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо;


Диловари Маннон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давалатиаш 222ZZ03, таваққуфи нодуруст;


Сафарзода Аъзам – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давалатиаш 5553ЕН01, таваққуфи нодуруст;


Умаров Давлатмурод Идибекович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Салярис», рақами қайди давалатиаш 2528ТТ05, таваққуфи нодуруст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin