• Home »
  • Баромадҳо »
  • Таҷлили солгарди таъсисёбии мақомоти тафтишотӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ
Таҷлили солгарди таъсисёбии мақомоти тафтишотӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ

Таҷлили солгарди таъсисёбии мақомоти тафтишотӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ

  Боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ аз иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, таъмини волоияти қонун ва дар доираи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани афроди ҳуқуқвайронкунанда, ки самти асосии фаъолияти муфаттишон мебошад, ба вуҷуд омада, ҳамзамон обрӯ ва нуфузи ин ниҳоди қудратиро дар миёни ҷомеа афзун мегардонад. Аз ин лиҳоз муфаттишонро мебояд пайваста донишу малакаи касбии худро такмил дода, дар баробари омӯзиши қонунҳои амалкунанда, ҳамзамон муносибату муоширати хубро бо шаҳварвандон, махсусан дастгиршудагону гумонбаршавандагон ба роҳ монанд. Ин нуктаҳороро зимни баргузории чорабинии тантанавӣ, ки ба муносибати таҷлили рӯзи касбии кормандони соҳаи тафтишот дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сардори Раёсати корҳои дохилии пойтахт генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов иброз намуд.
  Ба таъкиди номбурда муфаттишон бо донишу малакаи касбӣ ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ аз кормандони дигар самтҳои мақомоти корҳои дохилӣ бояд фарқкунанда бошанд. Зеро саҳми онҳо дар таъмини волоияти қонун, ошкору пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб қобили таҳсин буда, муфаттишонро ба истилоҳ элитаи мақомоти корҳои дохилӣ меноманд.


  Ҷоннисориву заҳматҳои шабонарӯзии муфаттишон дар масири фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар тули таърих назаррас арзёбӣ мегардад. Ин аст, ки ҳамасола санаи 6-уми апрел ҳамчун рӯзи таъсисёбии мақомоти тафтишотӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таҷлил карда мешавад.
  Чуноне дар ҷаласаи мазкур таъкид гардид, кормандони тафтишот дар баробари иҷрои самтҳои асосии фаъолияти хизматӣ, инчунин дар такмили қонунгузории кишвар низ саҳм мегузоранд. Пешниҳодҳои муфаттишон, ки дар раванди фаъолияти корӣ ва аз таҷрибаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бармеоянд, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҷиҳати мукаммалсозии қонунгузорӣ пайваста истифода бурда мешаванд.

  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ як қатор муфаттишон, ки дар фаъолияти корӣ аз худ малакаи баланди касбӣ нишон додаанд, бо медадалу орденҳои соҳавӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin