• Home »
  • ХАБАР »
  • Пешгирии ба муомилот баровардани коғази қимматноки қалбакӣ
Пешгирии ба муомилот баровардани коғази қимматноки қалбакӣ

Пешгирии ба муомилот баровардани коғази қимматноки қалбакӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 33-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғази қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 4-уми феврали соли 2022 дар бозори шаҳри Бохтар аз марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки ба хариду фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ машғул мебошад, 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад дастмонаи тиллоиро ба маблағи 82 ҳазору 250 сомонӣ нархгузорӣ карда, онҳоро гирифта, бар ивазаш 70-адад купюраи 100 доллара, ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 38-адад купюраи 50-евра, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 900 евраи қалбакӣ дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи коршиносон купюраҳои мазкур бо тарзи дастгоҳи чопии ранга бо истифода аз техникаи компютерӣ сохта шудаанд.
  Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin