Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мактуби шикоятӣ роҳбарияти МТМУ №25, муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми марти соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба бинои мактаби мазкур, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ даромада, аз утоқи корӣ 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”, 3-адад “Моноблок”, 1-адад компютери “Ноутбук”, 2-адад “Просессор” ва 1-адад базаи камераҳои мушоҳидавиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 56 ҳазору 448 сомониро ташкил медиҳад.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin