• Home »
  • Баромадҳо »
  • Машварати оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ
Машварати оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ

Машварати оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ

  7 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид.
  Дар машварати оперативии мазкур сардори Раёсати ВКД дар ш. Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарияти Дастгоҳи марказии Раёсат ва роҳбарони ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намуданд.


  Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ вазъи зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок аз ҳар як кормандони мақомоти милитсия беш аз пеш зиракиву ҳушёриро талаб менамояд. Махсусан пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, кормандони милитсия бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ, одобу рафтор ва муоширату муомила фарқ кунанд.


  Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ вазъи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан сар задани авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати сари вақт бартарафсозии он ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin