Бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулӣ

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 7-уми декабри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 67-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 316 ҳазору 609 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмон хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin