• Home »
  • ХАБАР »
  • Иди касбӣ муборак- нозирони қонуну тартибот!
Иди касбӣ муборак- нозирони қонуну тартибот!

Иди касбӣ муборак- нозирони қонуну тартибот!

  Роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо камоли эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорони Прокуратураро бо Иди касбӣ самимона табрик ва муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, рӯзгори осудаву обод ва дар раванди фаъолияти пурмасъулу пуршарафатон, баҳри ҳифзи амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа, назорати иҷроиши дурусти қонунҳо барору комёбиҳо таманно менамоем.
  Итминони комил дорем, ки заҳматҳои шабонарӯзии Шумо заминаи боз ҳам беҳтару устувортари рушди соҳаи Прокуратураро таъмин намуда, ҷасорати кормандони Прокуратура дар саҳифаҳои зарҳалини таърихи тоҷик ифтихорангез ва барои насли наврасу ҷавонон ибратомӯз боқӣ хоҳад монд.
  Бори дигар аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумоёнро бо ҷашни 30-солагии фаъолияти мақомоти Прокуратураи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон ҳаёти осоишта, бахту саодат ва хонаи ободу рӯзгори хушро таманно дорем.
Бо табрикот ва эҳтироми самимӣ,

Сардори Раёсати ВКД
дар шаҳри Душанбе
генерал-майори милитсия                 Ҳамидзода Б.П.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin