Дастгир гардидани 2 нафар бо гумони дуздӣ

Дастгир гардидани 2 нафар бо гумони дуздӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
  Номбурдагон, шаби 21 ба 22-юми январи соли 2022, тахминан соати 01:00 бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи «Мустафо», воқеъ дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт, ки ба ҷавони 22-сола тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо 28 ҳазору 360 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
  Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin