• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Сулаймонов Шамшод Бахтиёрович, санаи таваллудаш 22.01.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, деҳаи Чорбоғ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда санаи 24-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 18:00 дақиқа ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш ба болои автомашинаи тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 1001ОР03 баромада, бо овози баланд доду фиғон намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии атрофиёнро халалдор сохтааст. Ҳамзамон ин амали худро намоишкорона ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст, ки боиси вокунишҳои манфии истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гардидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сулаймонов Шамшод тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin