• Home »
  • ХАБАР »
  • Назарзода Шариф Раҳмон: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!
Назарзода Шариф Раҳмон: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!

Назарзода Шариф Раҳмон: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!

  Имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим маросими шиносоии сардори нави Раёсат, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамари генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт баргузор гардид.


  Қобили зикр аст, ки санаи 24-уми феврал дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд роҳбарони якчанд сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд. Аз ҷумла, генерал-майори милитсия Ҳомидзода Бароталӣ Партов, ки то ин дам дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилӣ кору фаъолият дошт, ҳамчун шахсияти пуртаҷрибаву кордон ба ҳайси сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин гардид.


  Чуноне зимни суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд дар тӯли 4-соли фаъолият мақомоти корҳои дохилии пойтахт таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардид. Пурарзиштарин натиҷа ин боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба милитсия мебошад, ки бо фаъолиятҳои хастанопазиронаву шабонарӯзӣ ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба даст омадааст. Ин аст, ки дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷриба ва малакаи касбии Назарзода Шариф Раҳмон ба назар гирифта шуда, номбурда ба вазифаи навбатӣ ҳамчун сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон таъин гардид.


  Зимнан дар чорабинӣ генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, афзуд, ки: -«Дар фаъолияти корӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботу якдигарфаҳмӣ ба хиради волои мардуми сарбаланди Бадахшон такя намуда, дар якҷоягӣ бо тамоми сокинони вилоят ба дастовардаҳои назаррас ноил мегардем».


  Дар ҷаласа зикр гардид, ки тавре аз натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии пойтахт бармеояд, ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Назарзода Шариф Раҳмон дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа саҳми боарзиши худро гузоштаанд. Яке аз дастовардҳои назаррас ин тамоюли коҳишёбӣ доштани ҷинояткорӣ дар пойтахт мебошад.
  Дар давоми 4-соли охир мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Назарзода Шариф Раҳмон баҳри таъмини тартибот ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, махсусан аз байн бурдани авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард ва дигар амалу кирдорҳои хилофи қонун як қатор рейду амалиётҳои пешгирикунандаву профилактикиро амалӣ намудаанд.


  Махсусан баррасии фаврӣ ва пайгирии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон тариқи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери назорати бевоситаи сардори Раёсат-Назарзода Шариф Раҳмон қарор дошт, боиси баланд гардидани мақомому обрӯи милитсия ва эътимоду боварии шаҳрвандон гардид. Ҳамзамон ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан дастгир гардидани гурӯҳҳои муташакклили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ва мусодираи миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор самтҳои афзалиятноку фаъолияти пурасамари мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба шумор мераванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin