• Home »
  • Баромадҳо »
  • Милитсияи пойтахт «Рӯзи Артиши миллӣ»-ро ботантана таҷлил намуд
Милитсияи пойтахт «Рӯзи Артиши миллӣ»-ро ботантана таҷлил намуд

Милитсияи пойтахт «Рӯзи Артиши миллӣ»-ро ботантана таҷлил намуд

  Вобаста ба таҷлили шоистаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон ба шумор рафта, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти кишвари азизамон маҳсуб меёбад.
  Муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳабибулло Сайфулло Абдулло зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар тули солҳои таъсисёбии худ артиши миллӣ ба як нерӯи бузурги қудратӣ табдил ёфта, имрӯз бо сарбаландӣ аз уҳдаи таъмини тартибот дар кишвар мебароянд. Дар тули ин солҳо саҳми кормандони шуҷоъ ва далерони Ватан дар таҳкими амнияти сартосарӣ ва бунёди давлати Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин мебошад.


  Дар тули 29-соли фаъолияти худ афсарону сарбозони он тавонистанд вазифаи муқаддаси худро содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, бо ҷасорату мардонагӣ, фидокориву хизматҳои шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди касбии хеш амнияти давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқололият ва дахлнопазирии марзу буми кишварро сарбаландона таъмин намоянд.
  Мавриди зикр аст, ки маҳз ба хотири пос доштани хидматҳои мардони барӯманди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, шуруъ аз соли 1993 то ин ҷониб ҳар сол 23-юми феврал дар сартосари кишвар ҳамчун «Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.


  Имрӯз бо дастгириҳои давлату Ҳукумат ниҳодҳои қудратии кишвар бо тамоми лавозимоти хизматию маишӣ таъмин буда, ҳамзамон баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши кормандон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад.
  Тавре дар ҷаласаи мазкур иброз гардид, маҳз бо фаъолияти хастанопазири шабонарӯзӣ, донишу малакаи баланди касбӣ ва бо ҳисси хештаншиносиву ватандӯстӣ, метавон якпорчагии ин марзу бумро ҳифз намуд.
  Дар ин раванд, кормандони милитсияи пойтахт, ки ҷузъи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд, ҷиҳати таъмини сулҳу суббот ва осоиштагии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия намуда, аввалиншуда баҳри адои қарзи фарзандӣ ва иҷрои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудаанд.


  Дар чорабинии тантанавии мазкур наваскарон-фарзандони кормандони милитсия низ даъват шуда, шуҷоату мардонагӣ, далериву ҷасурӣ ва адои сарбаландонаи хизмати ҳарбии онҳо мавриди таҳсин қарор гирифт. Наваскарон низ доир ба ин мактаби мардонагӣ, шароитҳои хуби муҳайёгашта дар қисмҳои ҳарбӣ, сатҳи баланди омодагӣ ва обутоби бадан дар қисмҳои ҳарбӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват намуданд, ки қарзи фарзандии хешро иҷро намуда, хизмати Модар-Ватанро адо намоянд.


  Дар қисмати дигари чорабинии тантанавии мазкур аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт кормандоне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат мекунанд бо Медал ва Сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin