• Home »
  • ХАБАР »
  • Дастурдиҳӣ: аз кормандони милитсияи пойтахт риояи интизоми хизматӣ ба таври ҳатмӣ талаб карда мешавад!
Дастурдиҳӣ: аз кормандони милитсияи пойтахт риояи интизоми хизматӣ ба таври ҳатмӣ талаб карда мешавад!

Дастурдиҳӣ: аз кормандони милитсияи пойтахт риояи интизоми хизматӣ ба таври ҳатмӣ талаб карда мешавад!

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартибот, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондааст.
  Тибқи тартиботи ҷорӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсат дар оғози ҳар ҳафтаи корӣ риояи қоидаҳои либоспӯшӣ, муносибату муоширати намунавӣ бо шаҳрвандон ва иҷрои бо масъулияти уҳдадориҳои хизматии ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт мавриди санҷишу баррасӣ ва дастурдиҳиву раҳнамоӣ қарор дода мешавад.


  Чуноне дар сафороии навбатӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабибулло Сайфулло Абдулло таъкид намуд, дар доираи амалисозии Стратегия ва Барномаҳои ислоҳоти милитсия ҳар як кормандро мебояд бо аҳолӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон пайваста талош намояд. Махсусан кормандони милитсияи шаҳри Душанбе, ки дар пойтахти кишвар фаъолият менамоянд дар гуфтору рафтор ва малакаи касбӣ, иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.


  Дар ҷараёни саффороӣ ҳамзамон риояи қоидаҳои пӯшидани либоси низомӣ, бо худ доштани лавозимоти муҳимму аввалиндараҷаи хизматӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарият ба ҳайати шахсӣ дастурҳои муфид дода шуд.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin