• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқ ва вокуниш: ҷавони дар майдони Дустӣ дастгиршуда дар ҳолати сахти сархушӣ қарор дошт
Таҳқиқ ва вокуниш: ҷавони дар майдони Дустӣ дастгиршуда дар ҳолати сахти сархушӣ қарор дошт

Таҳқиқ ва вокуниш: ҷавони дар майдони Дустӣ дастгиршуда дар ҳолати сахти сархушӣ қарор дошт

  Санаи 29-уми январи соли ҷорӣ дар шабакаҳои интернетӣ навори дастгирнамоии як нафар ҷавон аз ҷониби кормандони милитсия дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе нашр гардида, зимнан корбарону истифодабарандагон ин лаҳзаро ба таври худ ҳаргуна шарҳи гуногун додаанд.
  Вобаста ба ин ҳолат ва ҷиҳати аз байн бурдани ҳар гуна овозаҳои беасос Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон ва намояндагони ВАО мерасонад, ки ҷавони дар навор инъикосёфта шаҳрванд Болтаев Меҳробҷон Ҳикматуллоевич санаи таваллудаш 22.01.1989 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи А.Лоҳутӣ мебошад.
  Номбурда санаи 29-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 16:30 дақиқа баъди истеъмоли маводҳои мадҳушкунандаи сахттаъсири лирикӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, ба назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳозир ва бо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбат ба атрофиён беҳурматӣ зоҳир намудааст. Дар идомаи кирдорҳои авбошона, бо корди дар ҷайби худ доштааш кӯшиши ҳамла ба атрофиён намуда, ба амру талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накардаааст. Илова бар ин шаҳрванд Болтаев ҳангоми дастгирнамоӣ ба хотири раҳоӣ аз ҷавобгарӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи атрофиён бо корди дар даст доштааш ба дастони худ ҷароҳат расонидааст.
  Мавриди зикр аст, ки ташхисҳои тиббию наркологӣ дар ҳолати сахти мадҳушӣ аз истеъмоли маводҳои лирикӣ қарор доштани датсгиршударо низ муайян намуд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Болтаев Меҳробҷон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin