• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз 5-то 15-шабонарӯз ҳабс барои бо худ гардонидани силоҳи сард
Аз 5-то 15-шабонарӯз ҳабс барои бо худ гардонидани силоҳи сард

Аз 5-то 15-шабонарӯз ҳабс барои бо худ гардонидани силоҳи сард

  Баргузории амалиёти шартии «Корд», ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохушу ҷиноятҳои ба муқобили саломатии инсон равонагардида, аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда шудааст, ба коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ бо истифода аз силоҳи сард дар пойтахт мусоидат намуд. Вале ҳанӯз ҳам бархе аз нафарон, ба хусус ҷавонон бо худ корду дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро мегардонанд, ки дар ҷараёни корбарӣ муайян ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида мешавад.
  Аз ҷумла дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби кормадони милитсияи шаҳри Душанбе 3-нафар, ки бо худ предметҳои гуногуни ба сифати силоҳи сард истифодашаванда доштанд дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуданд. Инҳо шаҳрвандон:
  Нодиров Некрӯз Абдусаломович, санаи таваллудаш 20.03.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи С.Айнӣ, як адад корд;


  Наҷмиддинов Алишер Куганович, санаи таваллудаш 30.04.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, як адад корд;


  Ҷаҳонгири Саймурод, санаи таваллудаш 30.05.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, як адад чубдасти резинӣ (дубинка) ҳамчун далели шайъӣ аз номбурдагон дарёфту мусодира карда шуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар кадоми онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбати Нодиров Некрӯз ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз, нисбати Наҷмиддинов Алишер 10-шабонарӯз ва нисбати Ҷаҳонгири Саймурод 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin