• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабс ва ҷаримабандии маъмурони итернет-кафе
Ҳабс ва ҷаримабандии маъмурони итернет-кафе

Ҳабс ва ҷаримабандии маъмурони итернет-кафе

  Ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани ноболиғон, ки ҷисману рӯҳан хуб инкишоф наёфтаанд, метавонад таъсири манфӣ расонад. Бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои пешгирикунандаро доир мекунанд.
  Аз ҷумла дар натиҷаи баргузории рейди навбатӣ дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерианд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки маркази компютерии мазкур ба шаҳрванд Раҷабзода Манучеҳр Гулмаҳмад, санаи таваллудаш 12.06.2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, деҳаи Правда, донишҷӯи курси 1-уми Колеҷи Ҷумҳуриявӣ факултети Фарматсефт, тааллуқ дорад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раҷабзода Манучеҳр протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3-нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

  Ҳамзамон дар ҷараёни амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки маъмури маркази компютерии «Оазис» шаҳрванд Нуров Саъдӣ санаи таваллудаш 15.03.2003, истиқоматкунандаи кӯчаи Синои шаҳри Душанбе талаботи муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ оид ба реҷаи кориро риоя накардааст. Гарчанде қаблан аз ҷониби кормандони милитсия расман огоҳонида шуда бошад, ҳам номбурда берун аз соати муайяншуда ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул гаштааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Нуров Саъдӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin