• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳкими ҳамкорӣ бо Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт
Таҳкими ҳамкорӣ бо Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт

Таҳкими ҳамкорӣ бо Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт

  Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаи зичи аҳолӣ бо мақомоти милитсия, густариши корҳои ободонӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ ва таъмини тартиботу пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ШВКД-2 дар ноҳияи Сино мулоқоти судманд бо раисони маҳалу фаъолони ҷомеа ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия баргузор гардид.


  Зимни мулоқот муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ иброз дошт, ки мақомоти милитсия бо фаъолияти шабонарӯзӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба хубӣ мебарояд, ки ин пеш аз ҳама аз ҳамбастагӣ, робитаи судманд ва бовариву эътимоди мардум ба милитсия сарчашма мегирад. Дар ин замина саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар паҳлӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад.


  Бояд гуфт, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф вазифаи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як сокини кишвар, махсусан шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Маҳз дар тӯли чанд соли охир бо талошу заҳматҳои Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти кишвар симои худро куллан дигар намуда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ин ҳама ободиву пешравиҳое, ки амалӣ гашта истодаанд ҳар яки моро водор месозад, то беш аз пеш фаъолият ва заҳмати дучанд намуда, барои ба наслҳои оянда як мулки обод боқӣ гузоштан заҳмат намоем.


  Зимни суханронӣ Дадабойзода Ҳ. П. иштирокдорони мулоқотро ба ҳамкории боз ҳам зич ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва пешгирии амалу кирдорҳои наматлуб дар ҷомеа даъват намуда, таъкид дошт, ки ҳамеша бояд фаъолони ҷомеа бо кормандони милитсия, махсусан нозирони минтақавии милитсия дар алоқаи зич бошанд, зеро танҳо дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлубро гирифт.


  Дар қисмати дигари вохурии мазкур як қатор Дружиначиёни ихтиёрӣ ва фаъолони ҷомеа барои ҳамкории судманд бо милитсия, гузоштани саҳми арзанда дар ободу зебо гардонии муҳити атороф, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin