• Home »
  • ХАБАР »
  • Барои роҳ додани ноболиғон: 15-шабонарӯз ҳабси соҳибмулки маркази компютерӣ
Барои роҳ додани ноболиғон: 15-шабонарӯз ҳабси соҳибмулки маркази компютерӣ

Барои роҳ додани ноболиғон: 15-шабонарӯз ҳабси соҳибмулки маркази компютерӣ

  Фаъолияти марказҳои бозиҳои компютерӣ ва интернет-кафеҳо бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ва сар задани ҳар гуна амалу кирдорҳои номатлуб зери назорати доимии кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор доранд. Ҳамзамон вз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт тамоми соҳибмулкону маъмурони марказҳои компютерӣ ҷиҳати пешгирӣ ва монеъ шудан ба воридшавии ноболиғон огоҳиномаҳои хаттӣ супорида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шудаанд.
  Вале ҳамоно баъзе аз мусъулони марказҳои компютерӣ ба хотири ба даст овардани маблағ талаботи қонунгузориро нодида гирифта, ноболиғонро барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютерӣ роҳ медиҳанд.
  Аз ҷумла дар натиҷаи санҷиши маркази компютерии воқеъ дар кӯчаи А.Синои н. Сино, ки ба шаҳрванд Абдуллоев Алиҷон Ҷамолиддинович санаи таваллудаш 03.04.1998, сокини ш.Душанбе кӯчаи А.Сино тааллуқ дорад, муайян карда шуд, ки якчанд нафар ноболиғон машғули бозиҳои зиёновари компютерӣ мебошанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ шаҳрванд Абдуллоев Алиҷон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суди н.Сино ирсол карда шуд.
  Қобили зикр аст, ки қаблан нисбати номбурда барои ҳамин кирдор ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуда буд.
  Ин навбат бо назардошти кирдори худро ислоҳ накардаву такроран даст ба қонуншиканӣ задан аз ҷониби Суди н.Сино ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар ш. Душанбе бори дигар аз кулли соҳибмулкону маъмурони марказҳои бозиҳои компютерӣ талаб менамояд, ки муқаррароти қонунҳои амалкунандаро комилан риоя намуда, ноболиғонро ба марказҳои бозиҳои компютерӣ роҳ надиҳанд. Ҳамзамон волидайнро низ мебояд фарзандони худро зери назорат қарор дода, нагузоранд онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу рафтори нописанд сипарӣ кунанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin