• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии муроҷиат: ҳабси роҳбари тарабхонаи “Ҳамадонӣ ” барои вайрон кардани тартиботи шабона
Баррасии муроҷиат: ҳабси роҳбари тарабхонаи “Ҳамадонӣ ” барои вайрон кардани тартиботи шабона

Баррасии муроҷиат: ҳабси роҳбари тарабхонаи “Ҳамадонӣ ” барои вайрон кардани тартиботи шабона

  Санаи 28 июл як нафар сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиати электронӣ ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус арз намуд, ки нисбати масъулони тарабхонаи «Ҳамадонӣ» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро ба иттилои муроҷиаткунанда маъмурияти ин тарабхона берун аз вақти муқарраргардида низ фаъолияташро идома дода, дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинони маҳалларо халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона пайваста вайрон менамояд.
  Дар натиҷа муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуда, муайян гардид, ки нуқтаи мазкур тарабхонаи “Ҳумайнӣ” ном дошта, онро шаҳрванд Алиев Соҳибназар Ахмедович санаи таваллудаш 3-юми феврали 1967, ҳамчун маъмур роҳбарӣ мекунад. Зимни санҷиш дар ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти тарабхонаи мазкур як қатор норасоӣ ва камбудиҳо ошкор гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мазкур ва мувофиқат намудани фаъолияти тарабхона ба талаботи шаҳрдорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода шуд. Аммо маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва расмияти ҷориро ба танзим надароварда, боз фаъолияташро идома додааст.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Алиев Соҳибназар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона аз рӯи талаботи қонунгузорӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin