• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниши қазияи аз ошёнаи сеюм ҷаҳидани наврасон: ноболиғон аз бемасъулиятии волидайн, муассисаи таълимӣ ва маъмурияти маркази компютерӣ истифода намуданд!
Вокуниши қазияи аз ошёнаи сеюм ҷаҳидани наврасон: ноболиғон аз бемасъулиятии волидайн, муассисаи таълимӣ ва маъмурияти маркази компютерӣ истифода намуданд!

Вокуниши қазияи аз ошёнаи сеюм ҷаҳидани наврасон: ноболиғон аз бемасъулиятии волидайн, муассисаи таълимӣ ва маъмурияти маркази компютерӣ истифода намуданд!

  Ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб миёни ноболиғону ҷавонон ва ба илму таҳсилот фаро гирифтани наврасон аз ҷониби милитсияи пойтахт чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои огоҳкунанда дар интернет-кафе ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ ба таври доимӣ гузаронида мешаванд.
  Аз ҷумла, дар асоси нақша-чорабинӣ санаи 26-уми майи соли ҷорӣ низ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати муайян намудани хонандагоне, ки худсарона дарсро тарк намуда, дар марказҳои компютерӣ машғули ҳаргуна бозиҳои зарароваранд, амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд.
  Чунончӣ, санаи мазкур тахминан соати 11:35 дақиқа ҳамгоми мавриди санҷиш қарор додани маркази компютерии «Душанбе» воқеъ дар кӯчаи Қосимов бинои №64 муайян карда шуд, ки як қатор ноболиғон-хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ноҳияи Фирдавсӣ дар соати дарсӣ бо лавозимоти хониш саргарми бозиҳои зараровари компютерӣ мебошанд.
  Бо баробари ба маркази компютерӣ ворид гаштани кормандони милитсия 4-нафар наврасон бо мақсади пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ худро аз тирезаи ошёнаи 3-юми бинои мазкур ба поён кашола намуда, ба замин ҷаҳида, аз ҷойи ҳидиса фирор мекунанд. Баъди санҷиш муайян карда шуд, ки ҳамаи номбурдагон хонандагони синфи 9-и муассисаи номбурда мебошанд, ки саломатии ҳамаи онҳо хуб буда, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар чаҳор нафар волидайни ноболиғон шаҳрвандон:
Раҷабов Саид Юнусович, санаи таваллудаш 20.04.1979;


Мавлонова Гулнора Мавлоновна, санаи таваллудаш 06.10.1984;

Нинаев Мирзо Нигматуллоевич, санаи таваллудаш 05.01.1996;


Раҳмонова Тахмина Абдуғаффоровна санаи таваллудаш 02.11.1983;

  бинобар беназоратӣ ва вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Масъулияти падару модар дар дар таълиму тарбияи фарзанд» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъумурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ҷаримабандӣ карда шуданд.
  Ҳамзамон нисбати Низомов Абдулазиз Ҷамшедович санаи таваллудаш 26.01.1997, сокини маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе, соҳибмулки маркази комютерии мазкур, ки хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, ба хотири ба даст овардани маблағ ноболиғонро ба маркази компютерӣ роҳ додааст, маводҳои лозима тартиб ва дар баррасӣ қарор дорад.
  Зимни санҷиши қазияи мазкур муайян карда шуд, ки дар баробари волидайни ноболиғон масъулини муассисаи таълимӣ низ ҷиҳати ба таҳсилот фаро гирифтани хонандагон ва назорати иштироки онҳо дар машғулиятҳои таълимӣ ба хунукназарӣ роҳ додаанд. Ин бозгӯи он аст, ки волидайн низ бо муассисаи таълимӣ дар робитаи зич қарор надошта, аз болои давомот ва таҳсилоти фарзандони худ назорати дурустро ба роҳ намондааанд, ки аз ҳарду омил хонандагон истифода бурда, дар соати дарсӣ ба амалу кирдорҳои ношоям даст задаанд.
  Бо назардошти гуфтаҳои боло Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эҳтиромона аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва масъулини муассасаҳои таълимӣ хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии кирдорҳои ношоям ва ба илму дониш фаро гирифтани наврасон дар ҳамбастагӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin