• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Автомашинаи гаронарзиш бо рақамҳои воҳиманок нишонаи маърифат нест: Боздошти БМВ Х5 барои бетартибӣ дар роҳ
Автомашинаи гаронарзиш бо рақамҳои воҳиманок нишонаи маърифат нест: Боздошти БМВ Х5 барои бетартибӣ дар роҳ

Автомашинаи гаронарзиш бо рақамҳои воҳиманок нишонаи маърифат нест: Боздошти БМВ Х5 барои бетартибӣ дар роҳ

  Аз руи мушоҳидаҳо бармеояд, ки мутаассифона баъзе аз ҷавонон то ҳол бар ин гумонанад, ки тавассути воситаи нақлиёти гаронарзиш ва рақамҳои давлатии воҳиманок ва ба қавли худи онҳо «крутой» ҳар қонуншикание содир намоянд, аз ҷавобгарӣ дар канор монда, нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бартарӣ доранд. Аз ин лиҳоз, бо ин хаёли хом онҳо қоидаҳои ҳаркат дар роҳро дағалона вайрон намуда, мехоҳанд бартарии худро нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаркат дар роҳ нишон диҳанд. Вале, чуноне ҳамагон огоҳанд, милитсияи пойтахт маҳз чунин афроди саркашу қонуншиканро новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва ишғоли вазифаву мансаб боздошту ба ҷавогарӣ ҷалб менамояд.
  Аз ҷумла, як нафар сокини шаҳри Душанбе ба милитсияи пойтахт наворе ирсол намуд, ки дар он ба муқобили самти ҳаракат идора намуда, ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти гаронарзиши навъи «БМВ-Х5» дида мешавад.

  Дар натиҷаи баррасӣ ва санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ Х-5» рақамҳои қайди давлатиаш 0002QO01 шаҳрванд Мирзоев Ҷаҳонгир Раҷабович санаи таваллудаш 31.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум, соҳибкор, ки ба хариду фуруши автомашина машғул аст, мебошад. Номбурда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир ва автомашинааш ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Мирзоев Ҷаҳонгир тибқи талаботи моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва ҷаримабандӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin