Ҷаримабандӣ барои ба хонандагони хурдсол роҳ надодан дар пиёдараҳа (пешеход)

Ҷаримабандӣ барои ба хонандагони хурдсол роҳ надодан дар пиёдараҳа (пешеход)

  Як нафар сокини пойтахт бо пешниҳоди муроҷиати хаттӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-2109 рақамҳои қайди давлатиаш 6279АР07 чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда зимни идораи автомашина дар назди гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ хилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ суръати ҳаракатро баланд намуда, ҳангоми роҳро аз тарафи чап ба рост убур намудани хонанадгони муассисаи номбурда тавассути пиёдараҳа (пешеход) ба онҳо роҳ надода, бо фароҳам овардани ҳолати садамавӣ ҳаёту саломатии хонандагонро зери хатар гузоштааст.
  Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи зикргардида шаҳрванд Бодуров Набиҷон Худойназарович санаи таваллудаш 11. 06. 1990, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби кормандони бозрасӣ боздошт ва автомашинаи ӯ ба майдончаи ҷаримавии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


  Зимни пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор шуда, ҷиҳати минбаъд такрор накардани чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ огоҳонида шуд.
  Илова бар ин, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Бодуров Набиҷон тибқи талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, протоколи маъмурӣ тартиб ва ҷаримабандӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсатим ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin