Садои гушхарош: ҳабси ронанда барои бетартибӣ зимни идораи автомашина

Садои гушхарош: ҳабси ронанда барои бетартибӣ зимни идораи автомашина

  Чандест дар заминаи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт бо мақсади пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, махсусан бо садои баланди гушхарош идора намудани воситаи нақлиёт ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон рейду амалиёт ва чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор гардида истодааст.
  Дар доираи амалиёти мазкур як нафар сокини пойтахт, бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш 0063QO01 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, автомашинаи худро бо суръати баланду садои гушхарош идора ва зимни ҳаракат ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва ба ҳаёту саломатии дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ ҳолати хавфнокро ба вучуд овардааст.


  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи зикргардида шаҳрванд, Холов Улуғбек Шавкатович санаи таваллудаш 26.06.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев мебошад. Зимни пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат зимни ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди бозори Султони Кабир автомашинаи худро бо суръати баланду садои гушхарош яку якбора аз ҷои ист ба ҳаракат дароварда, хилофи Коидаҳои ҳаракати роҳ ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, ин ҳолатро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Холов Улуғбек барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Бо назардошти гуфтаҳои боло, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар ба иттилои ҳамагуна ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъин риоя намуда, бо насби дастгоҳҳои иловагии садобаландкунанда дар қисмати дудбаро боиси озори шаҳрвандон, оромии ҷомеа ва коста гардидани симои пойтахт нашаванд. Зеро амалиёти махсуси милитсияи пойтахт то пурра решакан намудани ин омили номатлуб роҳандозӣ карда шуда, содиркунандагони ин кирдори зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.


  Зимнан, аз шаҳрвандон низ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки худро бетараф нагирифта, бо мушоҳидаи чунин амали номатлуби ронандагон онро наворбардорӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ тариқӣ суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin