Боздошти «ҷавонони ҷипсавор» барои таҳқиру гаппартоӣ ба духтарон

Боздошти «ҷавонони ҷипсавор» барои таҳқиру гаппартоӣ ба духтарон

  Ба мақомоти милитсияи пойтахт як нафар ҷавондухтари сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати ду нафар «ҷавонони ҷипсавор» чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро, ҷавонписарон муроҷиаткунанда ва 3 нафар ҷавондухтарон-ҳамроҳонашро ҳангоми гаштугузор дар яке кӯчаҳои марказии пойтахт дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашонро паст задаанд. Зимнан навори ҳодисаи мазкур низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифтааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чораҳои дахлдори оперативӣ роҳандозӣ гардида, дар натиҷа «ҷавонони ҷипсавор»-и дар навор инъикосгардида баъди ҳамагӣ 1 соати нашри навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.
  Инҳо шаҳрвандон: Муҳаммадҷонов Валиҷон Луқмонҷонович санаи таваллудаш 01. 03. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Баҳор, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус» рақами қайди давлатиаш 1010JD01;


Бегов Ҷаҳонгир Далаталиевич санаи таваллудаш 26. 08. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Маданият мебошанд.


  Зимни пурсиш номбурдагон ба гуноҳи содирнамудаашон иқрор намуда, иброз доштанд, ки шоми 15-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ назди Театри опера ва балет ба номи Устод С. Айнӣ тавассути автомашинаи зикргардида ҳаракат доштан, ба ҷавондухтарон гаппартоӣ ва бадрафторӣ намуда, онҳоро мавриди озори лафзӣ қарор додаанд, ки аз ин кирдорашон воқаен пушаймонанд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳарду: Муҳаммадҷонов Валиҷон ва Бегов Ҷаҳонгир тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin