Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 6-уми апрели соли 2021, тахминан соати 03:00, бо ҳамроии ҳаммаслаконаш “Султон” ва “Абдулло” ном шахсон бо роҳи пинхонӣ ба мағозаи либосаи «Асил», воқеъ дар кӯчаи Раҳимии пойтахт, ки ба марди 45-сола тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо либосҳои гуногун, пойафзолҳо, миёнбандҳо, ҳамёнҳо, 11-адад таппончаи кӯдакона, 22-адад гӯшакӣ ва 11-адад таҷҳизоти қуввадиҳандаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 13 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад.
  Барои муайян ва дастгир кардани «Султон» ва «Абдулло» ном шахсон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin